27 августи соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо намояндагони бонки “Rietumu Bank”-и Латвия ҷаноби Леонид Эстеркин - Раиси Шӯрои бонк ва Эммануил Гриншпун – ноиби Президенти бонк, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва намояндагони бонки “Rietumu Bank” вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои бонки “Rietumu Bank” бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маълумот дода, таъкид кард, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст ва “Rietumu Bank” метавонад дар ҷумҳурии мо бо имкониятҳои бештару хубтар ва ба манфиати ҳарду ҷониб ба бозори молиявӣ ворид гардида, дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.
Намояндагони “Rietumu Bank” дар навбати худ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии муносибатҳои судманди дуҷониба иброз намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бонки “Rietumu Bank”- яке аз бонкҳои бонуфузи тиҷоратии Латвия ба ҳисоб рафта, аз рӯи ҳаҷми дороиҳо ба панҷгонаи калонтарин бонкҳои Латвия шомил мегардад.
Шуъбаи матбуот