17.09.2021
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи таҳлили хавфҳо
Сармутахассиси шуъбаи таҳлили хавфҳо
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ (хавфҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ);
- доштани собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот;
- малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point) - ҳатмӣ;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07.10. 2021