Дар бораи ҶДММ “Спитамен Суғурта”

Бойгонии ахбор
23.09.2021

Дар бораи ҶДММ “Спитамен Суғурта”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2021, таҳти №140 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” барои амалӣ намудани фаъолияти азнавсуғуртакунӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

NBTL3788.JPG

Иҷозатномаро барои фаъолияти азнавсуғуртакунӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба Директори ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” Раҳмонов Бузургҷамил супорид. Раиси БМТ Холиқзода Ҳ.Ҳ. изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ташкилотест, ки барои анҷом додани фаъолияти азнавсуғуртакунӣ иҷозатнома гирифт ва ин амал иқдоми пурмасъулият ва назаррас баҳри рушди бозори суғуртаи кишвар хоҳад буд.

Бояд қайд кард, ки мутобиқи қарори мазкур, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку