Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 2021, таҳти №143 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бейкер Тилли Тоҷикистон” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ бо роҳи тамдид аз
6 сентябри соли 2021 ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Бейкер Тилли Тоҷикистон” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ аз 28 декабри соли 2016, БМТ №0000063 аз эътибор соқит дониста шуда, Департаменти назорати бонкӣ вазифадор шуд, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот