Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

Бойгонии ахбор
07.10.2021

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

5 октябри соли 2021 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла Менеҷери макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузорӣ ҷаноби Сандип Махаҷан ва коршиноси калони иқтисодии бонки мазкур Ивайло Изворский мулоқот анҷом дод.

NBTL4803.JPG

Дар мулоқот ҳамчунин, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов ва роҳбарини сохторҳои калидии БМТ ҳузур доштанд.

Дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории самарабахшу судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба нишондиҳандаҳои низоми бонкии кишвар, амалигардонии як қатор ислоҳот ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва гузариши батадриҷ ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

NBTL4627.JPG

Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошт, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ ва бо ин мақсад, пешниҳоди як қатор имтиёзҳо ба ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ имкон фароҳам овард, ки соли молиявии сипаригардида мусбат ҷамъбаст карда шавад.

Ҳамчунин, бо нишон додани вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар кишварҳои минтақа, Ҷамолиддин Камолович изҳор намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон тавассути пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ тавонист дар чунин шароити печида сатҳи таваррумро муътадил нигоҳ дорад. Пешбурди сиёсати самараноки қурбӣ ва тасҳеҳи саривақтии қимати қурби расмии доллари ИМА имкон фароҳам овард, ки қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.

NBTL4630.JPG

Менеҷери макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Сандип Махаҷан дар навбати худ оид ба саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодии кишвар ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати бартараф намудани пайомадҳои пандемияи COVID-19 андешаронӣ намуда, дар ин самт ислоҳоти роҳандозинамудаи Бонки миллии Тоҷикистонро самараовар ва муассир баҳогузорӣ кард. Ҷаноби Сандип Махаҷан таъкид дошт, ки ислоҳоти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон устуворона ва ҳадафмандона татбиқ гардида, натиҷаҳои мусбат медиҳанд, ки инро институтҳои молиявии байналмилалӣ эътироф менамоянд.

Дар ҷараёни мулоқот, инчунин муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода доир ба лоиҳаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки дар раванди баррасии ниҳодҳои дахлдор қарор дорад, маълумоти муфассалро манзури ҳозирин гардонида, дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкориҳои судмандро бо Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи минбаъдаи он муҳим арзёбӣ намуд.

NBTL4652.JPG

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот масъалаи дастгирии самтҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахшҳои дигари низоми бонкӣ ва роҳҳои таҳким бахшидани шарикии минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охир муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз мулоқот ва натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда омодагии хешро баён дошт.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку