Дар бораи Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платежный Центр”

Бойгонии ахбор
13.10.2021

Дар бораи Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платежный Центр”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2021, таҳти №146 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» амали Иҷозатномаи Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платежный Центр” (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд) бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали он, қатъ карда шуд.

Дар асоси қарори мазкур амали Иҷозатномаи ОНП №00005, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018, таҳти №123 ба Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платежный Центр” (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд) дода шудааст, қатъ гардида, Идораи низоми пардохт барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ, вазифадор карда шуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку