Дар бораи Мастеркард Европа СА (Mastercard Europe SA)

Бойгонии ахбор
13.10.2021

Дар бораи Мастеркард Европа СА (Mastercard Europe SA)

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 октябри соли 2021, таҳти №147 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» Иҷозатномаи фаъолияти Мастеркард Европа СА (Mastercard Europe SA)-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Mastercard» ба муҳлати 5 (панҷ) сол тамдид намуд.

Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи Мастеркард Европа СА (Mastercard Europe SA) барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз 12 апрели соли 2018, ОНП№00004 аз эътибор соқит гардида, Идораи низоми пардохт вазифадор карда шуд, ки сабти дахлдорро дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку