Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2021, таҳти №148 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” барои кушодани намояндагии Ҷамъияти саҳомии масъулияти маҳдуди “Бонки кишоварзии Чин” дар шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд.
Тибқи қарори мазкур Департаменти назорати бонкӣ вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи бақайдгирии намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот