Дар бораи ҶДММ “Ширкати машваратӣ аудитории Ориён”

Бойгонии ахбор
25.10.2021

Дар бораи ҶДММ “Ширкати машваратӣ аудитории Ориён”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2021, таҳти №158 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бинобар сабаби тағйир ёфтани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Аудит С” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати машваратӣ аудитории Ориён”, ба ҶДММ “Ширкати машваратӣ аудитории Ориён” барои амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ, ба муҳлати то 27 январи соли 2025 Иҷозатнома дода шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку