Раиси Бонки миллӣ ва муовини директори иҷроияи ХБА дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд

Бойгонии ахбор
27.10.2021

Раиси Бонки миллӣ ва муовини директори иҷроияи ХБА дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд

22 октябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Бо Ли мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.

NBTL5744.JPG

Дар мулоқот ҳамчунин, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, директори Департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА ҷаноби Ҷиҳад Азур, роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдаг, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА Илҳом Раҷабов ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ХБА барои ҳамкории бисёрсола ва дастгирии молиявии Шарикони рушд, бахусус ҷудо намудани қарз дар доираи Барномаи ХБА “Механизми қарздиҳии таъҷилӣ” ҷиҳати дастгирии буҷа ва қабули қарор оид ба бахшидани қарзи Бонки миллии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки иқдоми мазкур барои коҳиш додани таъсири манфии пандемия ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла бахши молиявӣ саривақтӣ ва муфид буд.

NBTL5762.JPG

Ҷаноби Бо Ли низ аз тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба низоми бонкӣ ва дар ин замина, пешниҳоди имтиёзҳо ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ёдовар шуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкории манфиатбахш изҳор намуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар намуданд.

Аз ҷумла, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои барқарор намудани гуфтушунидҳо ҷиҳати татбиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи Барномаи ХБА “Механизми васеи қарздиҳӣ” иброз намуда, таъкид дошт, ки заминаи мустаҳками сиёсати пулию қарзӣ ва ислоҳотҳои ба устувории бахши молиявӣ равонашуда, метавонанд ба баланд бардоштани устувории молиявӣ, сиёсати самарабахши пулию қарзӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва муътадилии қурби пули миллӣ мусоидат намоянд.

NBTL5814.JPG

Тазаккур дода шуд, ки дар заминаи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ХБА то кунун ҳамаи талаботи муқарраргардида дар доираи Барномаи ХБА “Механизми қарздиҳии таъҷилӣ” иҷро шуда, тадбирҳо вобаста ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози ҶТ дар таҳрири нав дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, зимни мулоқот масоили вобаста ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ, кӯмаки техникӣ дар самтҳои дахлдори низоми бонкӣ, ислоҳоти андозӣ, намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон ва ташрифи ҳайати ХБА ба кишвар муҳокима гардиданд.

Ҷаноби Бо Ли дар навбати худ нақши муҳим доштани анҷоми муваффақонаи машваратҳо дар доираи Моддаи IV-ро қайд намуда, изҳори умед кард, ки масъалаҳои калидии дуҷониба аллакай зимни ташрифи навбатии ҳайати ХБА ба Тоҷикистон аз наздик баррасӣ хоҳанд шуд.

NBTL5808.JPG

Баъдан, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар шароити кунунӣ муҳим будани барномаи нави ХБА-ро махсусан қайд намуда, барои кӯмаки саривақтии ХБА ба Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои пандемияи COVID-19 изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкории самараноки минбаъда, идомаи мулоқоту муколамаҳо ва таҳкими равобити дуҷониба изҳор намуданд. 

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку