Дар бораи ҶСП “Кафолатбонк”

Бойгонии ахбор
27.10.2021

Дар бораи ҶСП “Кафолатбонк”

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2021, таҳти №160 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои асоснок Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Кафолатбонк” бозхонд карда шуд.

Тибқи қарори зикршуда гузаронидани ҳамаи амалиётҳои хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСП “Кафолатбонк” мавҷудбуда то таъини барҳамдиҳанда манъ карда мешавад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку