26 октябри соли 2021 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди рақамӣ ва ҳамзамон роҳбари лоиҳаи “Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон” ҷаноби Хуан Навас-Сабатер, ки аз 25 то 29 октябри соли 2021 бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоти корӣ анҷом дод.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода аз ҳамкории самарабахши БМТ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ карда, меҳмононро бо вазъи ҷории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.
Қайд карда шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо иштироки Бонки Ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мегардад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти соҳаи нақлиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ, обтаъминкунӣ, энергетика, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда, сайёҳӣ ва ғайра равона гардидааст.
Зимни мулоқот роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи “Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон”, ки яке аз ҳадафҳои он рақамикунонии низоми бонкӣ мебошад, ба таври муфассал мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Аз ҷумла, ҷаноби Хуан Навас-Сабатер зикр намуд, ки ҳадафи асосии ташрифи Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ мувофиқа ва коркарди усулҳои самараноки татбиқи “Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон” мебошад. Таъкид гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба рушди сиёсати рақамӣ ва устувории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Лоиҳаи “Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон” дар сатҳи давлатӣ амалӣ гардида, тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоиро дар бар мегирад ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани самаранокии фаъолият мебошад. Низоми бонкӣ низ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳим ва пешгоми сохтори давлатӣ ба раванди татбиқи лоиҳаи “Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон” ҷалб гардида, дар марҳилаи кунунӣ татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ ҳамчун ҷанбаи асосии таъмин намудани самаранокии лоиҳа саҳми худро гузошта истодааст.
Дар идомаи мулоқот инчунин, масъалаҳои густариши равобити дуҷониба дар бахши технологияҳои нав ва дурнамои рушди ҳамкориҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқот ҳамчунин, роҳбари барномаҳои инфрасохторӣ Антонио Нунес, мутахассис оид ба масъалаҳои рушди рақамикунонӣ Анелия Мюллер, мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Кеонг Мин Юн, ҳамоҳангсози барнома ва лоиҳаҳои Намояндагии доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Зарина Абдулалиева ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Шуъбаи матбуот