27 октябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, хонум Жужанна Харгитай, роҳбари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Рика Ишии ва мушовири директорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, Аврупои Ғарбӣ ва Қавқоз Евгений Офрихтерро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Қабл аз ҳама, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода хонум Жужанна Харгитайро бо таъйин гардидан ба вазифаи директори идоракунандаи БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъда ба ӯ муваффақият таманно кард.
Баъдан, Раиси БМТ аз равобити судманд бо БАТР ёдовар шуда, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, рушди бозорҳои молиявӣ ва асъор ва тақвияти сиёсати пулию қарзиро аз бахшҳои муҳиме номид, ки БМТ ва БАТР дар ин самт фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
“Зикр кардан ба маврид аст, ки дар доираи ҳамкории шарикии БМТ ва БАТР “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ” бомуваффақият амалӣ гардида, беш аз 700 нафар кормандони ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) шуданд, ки ин шаҳодати ҳамкории зичу пурмаҳсули БМТ ва БАТР мебошад”,-таъкид намуд Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода.
Хонум Жужанна Харгитай низ қаноатмандии хешро аз сатҳу сифати ҳамкориҳои дуҷониба иброз дошта, ба фаъолияти низоми бонкии кишвар баҳои мусбат дод.
“Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон самаранокии худро собит намудааст ва мо эътимод дорем, ки ҳамкории роҳандозишуда, аз ҷумла кӯмакҳои техникии ироагардида барои тақвияти фаъолияти низоми бонкии кишвар, таҳкими суботи молиявӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва пешниҳоди қарзҳо бо пули миллӣ мусоидат хоҳад намуд”,- зикр кард хонум Жужанна Харгитай.
Дар идома, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни баррасии масоили вобаста ба ҳамкории минбаъдаи БМТ ва БАТР таҳкими устувории молиявӣ, рушди бозори суғурта, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, рушди низоми пардохт ва таъмини устувории низоми комплаенсро аз соҳаҳои афзалиятнок барои равобити минбаъдаи БМТ ва БАТР номбар карда, хоҳони тақвияти муносибатҳо дар ин самт шуд.
Хонум Жужанна Харгитай самтҳои барои ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон афзалиятнокро, ки ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат мусоидат менамоянд, бо хушнудӣ пазируфта, барои тавсеаи муносибатҳои тарафайн ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ изҳори омодагӣ кард. Хонум Жужанна Харгитай ҳамзамон ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва саҳми назарраси он дар рушди низоми бонкӣ, ҷалби бештари ҷавонон ва бонувон ба соҳаи бонкдорӣ, молия ва тиҷорат таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Зикр карда шуд, ки ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвият бахшидани раванди рақамикунонии низоми бонкӣ ва ба ин васила дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, таҳкими сиёсати монетарӣ, пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ бо назардошти ҷалби мушовирони байналмилалӣ, баланд бардоштани зарфияти кормандони низоми бонкӣ дар самтҳои афзалиятнок аз самтҳое муаррифӣ гардиданд, ки БМТ ва БАТР метавонанд барои густариши равобит таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба тақвияти ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таъкид намуда, ҳавасмандии худро барои густариши равобити дуҷониба иброз доштанд.
Шуъбаи матбуот