Эълони Дархости маълумот

Бойгонии ахбор
03.11.2021

Эълони Дархости маълумот

Бонки миллии Тоҷикистон

Ҳадафи дархости маълумот: Таъмин ва татбиқи Низоми автоматишудаи бонкӣ (НАБ)

Санаи нашр: 3 ноябри 2021

Муҳлати посухи таҳвилгар: Ҷумъа, 17 декабр соли 2021, соати 15:00 ба вақти Душанбе

Шарҳи умумӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Дархости маълумотро барои Низоми автоматишудаи бонкӣ бо мақсади иваз кардани низоми мавҷуда эълон менамояд. НАБ-и пешниҳодшуда дар маркази иттилоотии мавҷудаи БМТ фаъолият карда, аз инфрасохтори мавҷудаи ТИ самаранок истифода хоҳад бурд.

БМТ молрасонеро меҷӯяд, ки дорои таҷрибаи зарурӣ барои мусоидат ба содда ва автоматикунонии равандҳои дохилӣ бо истифода аз НАБ - и пешрафта ва муосир бошад. НАБ-и нав бояд дар вақти воқеӣ бо дигар низомҳои мавҷуда ҳамкорӣ намуда, имконияти ҳамкории мутақобила бо низомҳои ояндаро тавассути асбобҳои таъминоти барномавии мутавассит таъмин намояд.

ТАВСИФ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) талош мекунад то хулосаи маҷмӯиро барои Низоми автоматишудаи бонкӣ (НАБ) ба даст орад, ки имконияти ҳам тиҷорат ва ҳам низомро беҳтар намояд. Низоми автоматишудаи бонкӣ маҷмӯи НАБ ва ҳама замимаҳои марбут ба он, ба монанди модули хазинадорӣ ва идоракунии сармоягузорӣ, идоракунии хавфҳо, инчунин ҳамаи модулҳо ва вазифаҳои дар ҳуҷҷати Дархости маълумот (RFI) номбаршударо дар бар мегирад.

Нусхаи пурраи ҳуҷҷати RFI -ро дар ИНҶО пайдо кардан мумкин аст.

Раванди пешниҳод

Ҷавобҳои таҳвилгар бояд ба таври электронӣ дар шакли PDF (аз ҷумла ҳама гуна ҳуҷҷатҳои нусхабардоршуда ва маводи чопшуда) ба суроғаи cbs@nbt.tj таҳти унвони "Ҷавоб ба дархости маълумот барои Низоми автоматишудаи бонкӣ" пешниҳод карда шаванд.

Ҷавоб бояд аз ду қисм иборат бошад: мутобиқат ба талабот ва ҷавоби техникӣ. Фасли 3 -и Дархости маълумот (RFI) дастурҳои муфассал оид ба омода кардани мундариҷаи ду посухро дар бар мегирад. Раванди арзёбии ҷавобҳо дар фасли 3.2 -и Дархости маълумот (RFI) муфассал оварда шудааст.

Танҳо посухҳое, ки ҳам аз ҷиҳати тахассусият ва ҳам аз ҷиҳати арзёбии техникӣ баҳои муносибро сазовор мегарданд, ба рӯйхат ҷиҳати баррасӣ ҷой дода шуда, барои даъват ба Дархости изҳори манфиатдорӣ (RFP) баррасӣ карда мешаванд. Раванди пешниҳоди Дархости маълумот маънои пешниҳоди БМТ ё ӯҳдадории интишори Дархости изҳори манфиатдорӣ (RFP)-ро надорад.

Ба таҳвилгарони манфиатдор тавсия дода мешавад, ки ҳуҷҷати Дархости маълумотро бодиққат аз назар гузаронанд ва дар ҳолати зарурӣ, пеш аз омода кардани посух аз БМТ тавзеҳот талаб кунанд. Ҳамаи дархостҳо бояд ба таври хаттӣ ба суроғаи почтаи электронии qcbs@nbt.tj фиристода шаванд. Муҳлати пешниҳоди дархостҳо то 25 ноябри соли 2021 мебошад.

Ҷадвали пурраи вақт дар Замимаи 5.3 ҳуҷҷати RFI нишон дода шудааст.



Возврат к списку