Санаи 2 ноябри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ муаррифии хизматрасониҳои азнавсуғуртакунӣ доир гардид. Рӯнамоии мазкур бо иқдоми Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” баргузор карда шуд.
Дар рӯнамоии мазкур тартиби роҳандозӣ намудани амалиётҳои азнавсуғуртакунии ташкилотҳои суғуртавӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамзамон оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт бо ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” бо намояндагони ташкилотҳои суғуртавии кишвар муҳокимарониҳо анҷом дода шуд.
Зимни рӯнамоӣ зикр карда шуд, ки то инҷониб амалиётҳои азнавсуғуртакунии ташкилотҳои суғуртавии кишвар дар ташкилотҳои азнавсуғуртакунии хориҷӣ анҷом дода мешуданд, ки ҳолати мазкур боиси хуруҷи сармоя аз низоми суғуртаи миллӣ ва зиёд гардидани фишорҳои қурбӣ ба пули миллӣ мегардид.
Мақсад аз роҳандозӣ намудани фаъолияти азнавсуғуртакунии ширкатҳои ватанӣ ин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зеро бо мақсади иҷрои банди 8 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”(аз 31.12.с.2014, №788), ки ташаккули бозори фаъолияти азнавсуғуртакунии ширкатҳои ватаниро талаб менамуд, ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта”дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор фаъолияти азнавсуғуртакунии миллиро ташкил намуда, дар асоси Иҷозатномаи ФС № 0000035, аз 21.09.2021 фаъолияти азнавсуғуртакуниро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ имконият пайдо карданд, ки ҳамкориҳои судмандро вобаста ба амалиётҳои азнавсуғуртакунӣ бо ҶДММ ТСА «Спитамен Суғурта», ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда барои анҷом додани фаъолияти азнавсуғуртакунӣ иҷозатнома гирифт, амалӣ намоянд.
Шуъбаи матбуот