Президент ҳомии манфиатҳои миллӣ ва кафили зиндагии шоиста

Бойгонии ахбор
16.11.2021

Президент ҳомии манфиатҳои миллӣ ва кафили зиндагии шоиста

Ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

NBTL6514.JPG

Бахшида ба ин рӯзи муборак, 16 ноябри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовинони Раиси БМТ Фирдавс Толибзода, Мирҳаёт Ёқубзода, Моҳбону Накҳатзода, мудири шуъбаи тарҷума ва равобити Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир ва сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо ва аҳли кормандон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Қабл аз ҳама, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аҳли нишастро ба тамошои филми мустанади “Достони Пешво”, ки фарогири мардонагиву хирад ва ҷанбаҳои фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, даъват намуд.

NBTL6596.JPG

Пас аз тамошои филм Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода аз таърихи эълон гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд кард, ки маҳз 16 ноябр марҳилаи нави давлатдории миллии тоҷикон оғоз гардид ва Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат ба раванди сулҳофарии хеш шуруъ карданд. Аз ин лиҳоз, 16 ноябр ҳамчун эҳтирому эътирофи сиёсати хирадмандона ва сулҳофаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд. Таҷлил намудани Рӯзи Президент - ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан арҷгузорӣ ба миллат аст. Зеро миллат метавонад роҳбарашро қадр кунад, аҷр гузорад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтааш саҳмгузор бошад.

NBTL6569.JPG

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбари давлат интихоб шудан пеш аз ҳама барои муттаҳид сохтани мардум ва бедор кардани шуълаи умед дар дили пиру ҷавон ба ояндаи дурахшон, сулҳу осоиши комил, рушду суботи минбаъдаи кишвар талош намуданд. Мардуми ҳақшиноси Тоҷикистон хизматҳои шоистаи Сарвари худро дар роҳи эҳёи давлати миллӣ, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати мардум ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” сазовор донист”, - таъкид намуд Ҳ.Холиқзода.

NBTL6579.JPG

Шоир ва сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо дар навбати худ қайд кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад. Зеро дар чунин давраи ҳассос - низоъҳои сиёсӣ, харобшавии институтҳои давлатдорӣ замон ва таърих шахсеро барои раҳонидан аз вартаи ҳалокат ва муттаҳидсозии миллат ба майдон овард, ки нияту орзуяш бо дарки худшиносии миллӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат ҳамовоз буд.  

NBTL6553.JPG

“Дар натиҷаи фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик эҳё ва ҳифз шуд, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гашт, самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас гашт, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гардид ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд”, - зикр кард Абдуллоҳи Раҳнамо.

Баъдан аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ашъори шоирони шинохтаи кишвар шеърҳо қироат карданд.

NBTL6547.JPG

Дар фарҷом Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро бори дигар бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, таъкид бар он дошт, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат барои пешрафти ҳаёти иқтисодию молиявии мамлакат ҳамаи он вазифаҳои муҳимеро, ки давлату ҳукумати кишвар дар назди низоми бонкӣ гузоштааст, сарбаландона иҷро менамоянд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку