Қадрдонии кормандони БМТ бо медали 20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Бойгонии ахбор
17.11.2021

Қадрдонии кормандони БМТ бо медали 20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

17 сентябри соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-умин нишасти ҷашнии сарони Шӯрои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат Раисии Раёсати СҲШ-ро ба уҳда дошт, таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

NBTL6633.JPG

Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шудани чорабинии бонуфуз ва саҳм гузоштан дар рушди СҲШ роҳбарон ва кормандони як қатор вазорату идораҳо бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Котиботи генералии Созмони Ҳамкории Шанхай бо медали 20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мукофотонида шуданд.

NBTL6662.JPG

Дар ҷаласаи тантанавӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баргузор гардид, ба як қатор кормандони Бонки миллии Тоҷикистон медали ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷиҳати саҳми арзанда доштан дар раванди рушди Созмони Ҳамкориҳои Шанхай супорида шуд.

NBTL6691.JPG

Ҳамин тавр, бо медали ҷашнӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, директори Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ Алиҷон Салимов, сардори Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Зуҳро Ҳалимова, сардори Шуъбаи матбуот Мавҷуда Ҳасанова ва сардори Хадамоти ташрифоти Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ Дилшод Ҳавлоев сарфароз гардонида шуданд.

NBTL6669.JPG

NBTL6675.JPG

NBTL6683.JPG

 

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку