17-уми ноябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода Директори минтақавӣ оид ба савдои ширкати “Landgart AG” хонум Муриел Шулер ва намояндаи тиҷоратии ширкати мазкур ҷаноби Томас Лиро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода бо пазироӣ аз ташрифи намояндагони ширкати “Landgart AG”, ҳавасмандии хешро ҷиҳати дастрас намудани маълумоти муфассал доир ба ҷанбаҳои фаъолияти ширкати “Landgart AG” иброз дошт.
“Тоҷикистон ба масоили муҳими ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд ва тибқи маълумоти дастрасгардида, маҳз истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза яке аз афзалиятҳои ширкати “Landgart AG” ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, мехостем оид ба раванди барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии он дар ширкати Шумо маълумоти бештар дошта бошем”,-таъкид кард Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода.
Ҳамин тавр, намояндагони ширкати “Landgart AG” доир ба тамоми паҳлуҳои фаъолияти ширкати хеш, аз ҷумла оид ба хусусиятҳои хоси раванди истеҳсоли коғази аълосифат, барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии он, ҳамкорӣ бо бонкҳои марказии кишварҳои гуногун бо истифода аз рӯнамо маълумот манзур намуданд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ширкати “Landgart AG” соли 1872 дар Швейтсария таъсис ёфта, асосан ба истеҳсоли коғазҳои аълосифат барои барориши пулҳои коғазӣ, коғазҳои қиматнок ва намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои муосири илмиву технологӣ машғул аст. Ширкат бо бонкҳои марказии беш аз 50 давлати дунё, ба мисли Швейтсария, Қазоқистон, Камбоҷа, Малайзия ва Марокаш дар самти барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии пул ҳамкорӣ дошта, яке аз афзалиятҳои он истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Зимни мулоқот, ҳамчунин имкониятҳои ҳамкории минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати “Landgart AG” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир, меҳмонон аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷиҳати боздид ва шиносоии наздик бо фаъолияти ширкат ба қароргоҳи марказии “Landgart AG” даъват ба амал оварданд.
Шуъбаи матбуот