Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2021, таҳти №166 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021-ро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад.
Қобили қайд аст, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонии намунаи соли 2021 дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.
Шуъбаи матбуот