Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки санаи 19 ноябри соли 2021 пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамдодашудаи ҶСП “Кафолатбонк” оғоз мегардад.
Пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони суғурташудаи ҶСП “Кафолатбонк” дар филиали бонк-агент ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Н. Қарабоев 148/1 амалӣ карда мешавад.
Пасандоздорон ҳуқуқ доранд дар давоми то як сол барои гирифтани ҷубронпулии суғурта ба бонк-агент муроҷиат намоянд.
Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600 32 45 ё дар сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед.