18 ноябри соли 2021 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода бо мудири Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба масъалаҳои гендерӣ ва фарогирии молиявӣ хонум Барбара Рамбусек ва ҳамроҳони ӯ мулоқоти корӣ анҷом дод.
Муовини Раиси БМТ Моҳбону Накҳатзода ба намояндагони БАТР барои ҳамкории судманд дар самти татбиқи лоиҳаҳои ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равонашуда, рафъи оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 ва ҷонибдорӣ аз узвияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Иттиҳоди фарогирии молиявӣ изҳори сипос намуд.
“Бонки миллии Тоҷикистон ба фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорон, дастгирии рушди иқтисодӣ ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Итминон дорем, ки стратегияи мазкур бомуваффақият таҳия ва татбиқ карда мешавад”,-таъкид намуд Моҳбону Накҳатзода.
Мудири БАТР оид ба масъалаҳои гендерӣ ва фарогирии молиявӣ хонум Барбара Рамбусек бо миннатдорӣ аз пазироии самимӣ ва шиносоӣ бо Роҳбарияти БМТ омодагии хешро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои БАТР бо БМТ изҳор намуд.
Хонум Барбара Рамбусек ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот оид ба сатҳи фарогирии молиявии занон дар кишвар ва дастгирии соҳибкории бонувонро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба маънидод намуда, қайд кард, ки БАТР омодааст барои омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ кӯмак ва дастгирии худро пешниҳод намояд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки то кунун Бонки миллии Тоҷикистон заминаи ташкили махзани маълумот оид ба сатҳи фарогирии молиявии аҳолиро комилан фароҳам оварда, дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва ҷалби кӯмакҳои техникиро зарур мешуморад.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки БАТР дар ҳамбастагӣ бо БМТ барои ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи омӯзишии “Иктишофи гендерӣ” (“Gender Intellingence”)-ро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ оид ба рушди бахши суғурта, ҷалби кӯмакҳои техникӣ ба ин самт табодули назар сурат гирифт ва намояндагони БАТР омодагии хешро ҷиҳати баррасии масоили вобаста ба пешниҳоди кӯмаки техникӣ барои рушди бахши суғурта иброз доштанд.
Дар охир, ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда омодагии комили хешро баён намуданд.
Шуъбаи матбуот