Форуми соҳибкорзанон таҳти унвони “Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон”

Бойгонии ахбор
19.11.2021

Форуми соҳибкорзанон таҳти унвони “Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон”

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори Рӯзи байналмилалии бонувони соҳибкор, 19 ноябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар шарикони рушд Форуми соҳибкорзанон таҳти унвони “Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон” баргузор шуд.

NBTL7134.JPG

Дар кори Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд, бахши хусусӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо сухани ифтитоҳӣ ба кори Форум ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии бонувони соҳибкор таҳният гуфт. Мавсуф аз дастовардҳои кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла дар байни бонувон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад ва роҳандозии чунин чорабиниҳо метавонад барои муколама байни соҳибкорзанони мамлакат вобаста ба масъалаҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани маърифати пешбурди соҳибкорӣ тавассути истифодаи хизматрасониҳои электронӣ ва технологияҳои муосир, дастрасӣ ба дониш ва таҷрибаи байналмилалӣ имконияти мусоид фароҳам оварад.

NBTL7100.JPG

Дар идома, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Департаменти гендерӣ ва фарогирии иқтисодии БАТР Барбара Рамбусек, роҳбари Барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон Мубин Рустамов ва дигарон оид ба саҳми занон дар рушди соҳибкорӣ дар баробари мардон суханронӣ намуданд.

Баъдан кори Форум дар се бахш, аз ҷумла “Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди фаъолияти соҳибкории бонувон дар ҶТ”, “Рушди иқтидори бонувон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути барномаҳои дастгирӣ, васеъ намудани имкониятҳо дар минтақаҳо” ва “Васеъ намудани имкониятҳо барои бонувон ба воситаҳои молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ” ҷараён гирифт.

NBTL7212.JPG

Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи хоси иштирокдорони Форум дар мавзӯи “Васеъ намудани имкониятҳо барои бонувон ба воситаҳои молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ” таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, бо иштироки роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷараён гирифт.

Моҳбону Накҳатзода зимни баромади худ доир ба Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла баробарии гендерӣ, кори шоиста ва рушди иқтисодӣ, саноат, инноватсия ва инфрасохтор, коҳиши нобаробарӣ, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд сухан ронда, таъкид намуд, ки ноил гаштан ба ҳадафҳои зикргардида барои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

NBTL7268.JPG

Муовини Раиси БМТ дар суханронии хеш ҳамзамон оид ба индекси нобаробарии гендерӣ ва рушди гендерӣ, таносуби мардон ва занон дар байни қарзгирандагон дар ташкилотҳои қарзӣ ибрози андеша намуда, аз иштирокдорони бахш даъват ба амал овард, ки доир ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии молиявӣ, истифодабарии хизматрасониҳои сифатноки молиявӣ, рушди низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ фикру андеша ва пешниҳоди худро баён намоянд.

Ҳамин тавр, кори ин бахши Форум бо рӯнамои манзуркардаи мутахассиси пешбари Идораи низоми пардохти БМТ Камила Сайисмонова дар мавзӯи “Саҳми низоми бонкӣ дар рушди бахши соҳибкорӣ: пешниҳоди хизматрасонии молиявӣ” оғоз гардида, дар идома намояндаи Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар ҶТ Инна Мазур оид ба “Лоиҳаҳои Шпаркасса дар самти дастгирии соҳибкор дар минтақаҳои дурдасти ҶТ” суханронӣ намуд.

NBTL7304.JPG

Ҳамчунин, дар ин бахши Форум сардори шуъбаи омӯзиши ҶСП “Спитамен Бонк” Лобар Мирзоева дар самти “Дастрасии занон ба хизматрасонии молиявии бонкӣ”, аъзои Раёсати ҶСП “Арванд” Шаҳноз Икромӣ дар мавзӯи “Соҳибкорзанҳои муваффақ бо ҶСП “Арванд”, сардори идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати Департаменти рушд ва омори бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” Шаҳло Давлатхӯҷа, мененҷери минтақавӣ дар вилояти Суғд оид ба тиҷорати хурду миёнаи ҶСК “Бонки Эсхата” Муборакхон Аҳророва дар мавзӯи “Занҳо дар бахши соҳибкорӣ”, мутахассиси пешбар оид ба амонатҳои ҶСП ТАҚХ “Имон интернешнл” Фарзона Негматова, муовини сардори Идораи IT –и ҶСК “Алиф Бонк” Заррина Раҷабова ва намояндаи ҶДММ ширкати суғуртавии “БИМА” Полина Муниева рӯнамоҳои ҷолиби худро манзури аҳли нишаст намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки ҳар як рӯнамои пешниҳодгардида аз ҷониби Моҳбону Накҳатзода ва иштирокчиёни бахш мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, доир ба навгониҳои ҷоригардида ва таҷрибаи андӯхташуда табодули назар сурат гирифт. Аҳли нишаст вобаста ба имкониятҳо ва имтиёзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва шарикони рушд барои соҳибкории занон пешниҳодшуда, иштироки фаъоли занон дар рушди соҳибкорӣ, кор бо технологияи муосири молиявӣ ва таъсири он ба рушди соҳибкории занҳо, суғуртаи соҳибкорон ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиёти кишвар ва як қатор масоили дигар ибрози назар карданд.

NBTL7470.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода бахши сеюми Форуми соҳибкорзанон таҳти унвони “Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон”-ро ҷамъбаст намуда, таъкид бар он дошт, ки яке аз ҳадафҳои баргузории Форуми мазкур – баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва тақвияти фаъолияти  соҳибкории  бонувон, инчунин дастрасии занон ба хизматрасониҳои молиявӣ маҳсуб меёбад. Зеро рушди соҳибкорӣ миёни занон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии бонувон дар пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку