Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
25.11.2021

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 ноябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайданро ба ҳузур пазируфт.

NBTL7976.JPG

Қабл аз ҳама, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайданро бо таъйин шудан ба вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи дипломатӣ барору комёбӣ таманно намуд.

Баъдан, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба вазъи иқтисодии кишвар сухан гуфта, таъкид намуд, ки новобаста аз пайомадҳои пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, Тоҷикистон тавонист тавассути андешидани тадбирҳо дар муддати начандон тӯлонӣ рушди воқеии иқтисодиётро таъмин намояд. Натиҷаҳои чораҳои андешида буд, ки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) кишвар дар давраи январ-октябри соли 2021 - 78,9 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 9,0 фоизро ташкил намуд ва рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.

NBTL7961.JPG

Зимни мулоқот, вобаста ба таҳияи лоиҳаи “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии монетарии Подшоҳии Арабистони Саудӣ” ва вусъат бахшидани имзои “Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба муқовимат бар зидди софкории пул, маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқаманд” низ табодули афкор сурат гирифт.

“Дар баробари ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат дар кишвар шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварда шуд. Махсусан, барои ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ имкониятҳои васеъ пешбинӣ шудааст. Аз ин лиҳоз, тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни бонкҳои марказӣ ва тиҷоратии ду кишвар ба манфиат хоҳад буд”,-қайд кард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдан дар навбати хеш, аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти бартараф намудани пайомадҳои пандемия ва таъмини рушди иқтисодии кишвар тавсиф карда, иброз дошт, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ хоҳони тақвияти бештари муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

NBTL7969.JPG

“Шароите, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахши бонкдорӣ фароҳам оварда шудааст, қобили таваҷҷуҳ аст ва мо кӯшиш менамоем, ки аз имконияти мазкур барои ҷалби сармоягузорони кишвари худ истифода намоем”,-зикр кард ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдан.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масоили мубодилаи иттилоот байни бонкҳои марказӣ, таҷриба ва бозомӯзии кормандони низоми бонкии ду кишвар ва рушди бозори суғурта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар ду ҷониб бори дигар омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва равобити иқтисодиву тиҷоратӣ дар самти рушди низоми бонкӣ иброз намуданд.

Дар охир, ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдан роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати боздид аз Бонки марказӣ ва шиносоии бештар бо низоми бонкӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ даъват намуд ва таклиф аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба хушнудӣ пазируфта шуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку