Номгӯи хизматрасониҳои молиявӣ

Бойгонии ахбор
30.11.2021

Номгӯи хизматрасониҳои молиявӣ

Мутобиқи талаботи банди 44 моддаи 17 ва банди 2 қисми 2 моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Номгӯи хизматрасониҳои молиявӣ” дар таҳрири нав дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Номгӯи хизматрасониҳои молиявӣ” дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2021, №1100 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, пас аз интишори расмӣ дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 22 ноябри соли 2021, №234 (24 341) мавриди амал қарор дода шуд.

Бо мақсади дастрасии шакли электронии Санади зерқонунии мазкур метавонед истиноди зеринро пахш намоед: https://nbt.tj/upload/iblock/30e/Номгуи%20хизматрасонии%20молияви.pdf


Возврат к списку