Ҷаласаи сатҳи баланди танзимгарони молиявии Осиёи Марказӣ

Бойгонии ахбор
08.12.2021

Ҷаласаи сатҳи баланди танзимгарони молиявии Осиёи Марказӣ

Рӯзҳои 2-3 декабри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи баландпояи танзимгарони молиявии Осиёи Марказӣ ва намояндаҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии асъор, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Бонки сохтмони Чин (China Construction Bank), Эътилофи ҷаҳонии маркакзҳои молиявии байналмилалӣ (WAIFC), ваколатдори танзим ва назорати бозорҳои молиявии Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ёқубзода Мирҳаёт Миробид намояндагӣ кард.

photo_2021-12-06_13-50-45 (2).jpg

Ҷаласаро мудири Маркази байналмилалии молиявии “Остона” К.Келимбетова ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиён дар баргузории кори ҷаласаи сатҳи баланди молиявии Осиёи Марказӣ барору комёбӣ таманно намуд.

Дар қисмати аввали ҷаласаи машваратӣ иштирокчиён дар мавзӯи “Дурнамои воситаҳои нави маблағгузорӣ дар Осиёи Марказӣ” баромад намуда, масъалаҳои платформаи инноватсионии сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ, хизматрасонии клирингӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути Маркази байналмилалии молиявии Остона, рушди воситаҳои молиявии сабз ва имкониятҳои воситаҳои молияи исломиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

photo_2021-12-06_13-50-50.jpg

Дар қисмати дигари ҷаласа, ки баррасии масъалаҳои “Рушди иқтидори инсонӣ дар Осиёи Марказӣ” фаро мегирифт, дар баробари намояндагони дигар кишварҳо муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ёқубзода Мирҳаёт Миробид низ дар муҳокимаи мавзӯъҳои вазъият ва дурнамои рушди бозорҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди ҳамкории минтақавии назоратӣ, рушди дастрасӣ ба молия ва сармоягузорӣ дар ОМ, ҳимояи ҳуқуқҳои сармоягузорон дар сатҳи байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ тавассути кӯмаки техникӣ ва воситаҳои маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ, ҷалби маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ дар ОМ, молияи исломӣ ҳамчун воситаи алтернативии маблағгузорӣ дар ОМ табодули афкор намуд.

Барои бунёди низоми солим ва устувории молиявӣ, инчунин зарурати таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни танзимгарони молиявӣ ҷиҳати дастгирии гардиши пардохтпазирии фаромарзӣ ва коҳиш додани арзиши сармоя, ҷонибҳо омодагии худро ба ҳамкории ошкоро ва фарох, ки ба манфиати таъмини суботи молиявӣ ва рушди иқтисодии муштарак ҷиҳати тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои танзимкунанда дар Осиёи Марказӣ баён доштанд.

photo_2021-12-06_13-50-46.jpg

Зимни ҷамъбасти мулоқот, ки дар фазои тафоҳум ва ҳамкорӣ, эътимод ва муносибатҳои таърихии дӯстона ва неки ҳамсоягӣ сурат гирифт, бо такя ба Изҳороти муштарак аз натиҷаи Мулоқоти машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 6 августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошӣ қабул гардид, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки майдончаи Маркази байналмилалии молиявии “Остона”-ро ҳамчун платформаи иқтисодии пайвасткунандаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сармоягузорони хориҷӣ истифода баранд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку