6 декабри соли 2021 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи ифтитоҳи Барномаи лоиҳаи кӯмаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявӣ (Financial Sector Stability Review - FSSR) бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Карлос де Баррос Серрао ва С. Эрик Опперс мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.
Дар ибтидои мулоқот, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории пурмаҳсул ва гуногунҷабҳаи ХБА ва БМТ, ки дар маҷмӯъ барои рушди низоми бонкии Тоҷикистон равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвияти равобити дуҷониба ва идомаи татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар иброз дошт.
“Бонки миллии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатоварро ба роҳ монда, дар ин замина лоиҳаи кӯмаки техникии навро, ки маҳз бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини устувории суботи молиявӣ дастгирӣ ёфтааст, муҳим арзёбӣ менамояд. Кӯмаки техникии мазкур барои рушди бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи идомаи татбиқи ислоҳот ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ мебошад”,-изҳор дошт Муовини якуми Раис Ҷамолиддин Нуралиев.
Зимни мулоқот зикр карда шуд, ки Барномаи кӯмаки техникии Шарҳи суботи бахши молиявии (FSSR) Хазинаи Байналмилалии Асъор аз соли 2017 шурӯъ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон дар қатори 24 давлати дунё ба дастгирӣ ва татбиқи он аз ҷониби ХБА комёб гаштааст.
Намояндаи ХБА Карлос де Баррос Серрао дар рӯнамоӣ аз раванди татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникӣ оид ба баҳогузорӣ намудани бахши суботи молиявӣ бо компонентҳои асосии он, тақсимбандии хавфҳои бахши молиявӣ дар доираи матритса ва ба ин васила коҳиш додани хавфҳо ва идоракунии онҳо дар зинаҳои баъдӣ ба таври муфассал матраҳ намуд. Зикр карда шуд, ки дар доираи татбиқи марҳилаи аввал шарҳи бахши суботи молиявӣ омода гардида, нақшаи амал барои фаъолияти ҳайати навбатӣ омода мегардад. Татбиқи марҳилаи навбатӣ дар ҳайати васеъ, ки дар моҳи апрели соли 2022 дар назар аст, барои идомаи лоиҳа дар давраи миёнамуҳлат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни мулоқот ҷониби ХБА барои ҳамкорӣ дар доираи кӯмаки техникӣ бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда изҳори омодагӣ карда, ҳамчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки дар рафти татбиқи барнома бештар ба масъалаҳои таҳкими заминаи сиёсати макропруденсиалӣ, воситаҳои таҳлили хавфҳо, аз ҷумла истифодаи модулҳои нави фишорсанҷиш ва такмили омори молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зарурати татбиқи кӯмаки техникиро дар як самти муайян – тақвият бахшидани устувории суботи молиявӣ, ки самти нав маҳсуб меёбад, ба манфиати кор ва самарабахш арзёбӣ намуд. Шарҳи бахши суботи молиявӣ ҳамчун воситаи калидӣ барои муайян намудани ҷанбаҳои ислоҳот ва мусоидат барои татбиқи онҳо ҷиҳати таҳкими суботи молиявӣ ва пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ имконият фароҳам меорад.
Дар охир, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самараноки минбаъда ва идомаи мулоқоту муколамаҳо дар доираи лоиҳаи мазкур баҳри рушди низоми бонкии кишвар изҳор намуданд.
Шуъбаи матбуот