Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 9 декабри соли 2021, таҳти №185 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Крестон АС” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.
Мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи қаблии ҶДММ “Крестон АС”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ (24.01.2017) дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.
Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот