Дар бораи ҶСК “Меҳмонсаройи Тоҷикистон”

Бойгонии ахбор
13.12.2021

Дар бораи ҶСК “Меҳмонсаройи Тоҷикистон”

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №192 “Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ - фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2021, таҳти №190 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” оид ба анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.

Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку