Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватанӣ!
Даъватномаи иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум.
Бонки миллии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, тел: (44) 600 3145, довталабони салоҳиятдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши навбатӣ бо аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум даъват менамояд (E-mail: fsalimov@nbt.tj).
1. Довталабон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон бо суроғаи дар боло зикргардида муроҷиат намоянд.
2. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ: 10.01.2022
Вазифаҳои техникӣ
- Шумораи респондентон на кам аз 1500 нафар, интихоби тасодуфӣ, фарогирии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, дар як сол чор маротиба, ҳар семоҳа;
- Усули пурсиш: тариқи телефонӣ;
- Мизоҷони ҳамаи ширкатҳои мобилӣ пурсида шаванд;
- Шумораи занон ва мардон баробар бошанд ва фосилаи синну сол чунин гурӯҳбанди карда шавад: 18-25; 26-40; 41-65; 66+;
- Омода ва пешниҳод намудани ҳисобот баъд аз анҷоми пурсиш дар формати SPSS ва Excel, инчунин ҳисоботи таҳлилӣ дар формати Word ва Power Point.
- Саволномаи пурсиш дар рафти гузаронидани тендер пешниҳод мегардад.