Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Бойгонии ахбор
21.12.2021

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

21.12.2021 13:10, шаҳри Душанбе
http://president.tj/node/27417


Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.

Паём.jpg

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.

Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.

Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид.

Дар он айём, дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.

Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд.

Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам.

Яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо – Парчами миллӣ низ дар ҷараёни ҳамин иҷлосияи тақдирсоз қабул карда шуд.

Бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати навинтихобшудаи мамлакат мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ ба иҷрои ҳадафҳои фаврии дар наздамон қарордошта ноил гардем.

Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.

Ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад.

Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд.

Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.

Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ кафолат дода шуд.

Тибқи сиёсати башардӯстона бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид.

Илова бар ин, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд.

Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.

Ҳамзамон бо ин, дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид.

Дар ин давра барои гузариш аз иқтисоди маъмуриву банақшагирӣ ба низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ, яъне иқтисоди бозаргонӣ ислоҳоти фарогир амалӣ карда шуд.

Ҷиҳати барқарор сохтани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ ва минбаъд таъмин намудани гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд.

Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Дар натиҷа, аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем.

Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.

Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд.

Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст.

Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.

Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, махсусан, дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад.

Маҳз ба шарофати заҳмати онҳо фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд.

Бинобар ин, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилонаашон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем.

Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.

Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд.

Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд.

Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид.

Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.

Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.

Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Дар ин давра 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.

Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.

Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.

Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки ба ифтихори ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ дар раванди корҳои ободониву созандагии Ватан, бахусус, дар бунёди иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.

Аз ҷумла дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.

Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад.

Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.

Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, нишондиҳандаҳои зерин гувоҳӣ медиҳанд:

– агар шумораи муштариёни алоқаи телефонӣ соли 1991 ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, пас дар соли 2021 шумораи танҳо муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ ба беш аз 8 миллион нафар расидааст;

– ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд;

– соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрави шахсӣ ба қайд гирифта шуда буд;

– танҳо дар бист соли охир 730 ҳазор мошини сабукрав ворид гардида, дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст, яъне аҳолии мамлакат дар замони истиқлолият соҳиби беш аз ду миллион воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст;

– дар солҳои истиқлолият ба кишвар беш аз 875 ҳазор воситаи нақлиёт ва дигар техника барои истифодаи бахши хусусӣ ворид гардидааст;

– танҳо дар 10 соли охир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат 30 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст;

– агар дороиҳои бахши хусусиро дар кишвар бо арзиши пулӣ ифода намоем, пас он аз ҳисоби арзиши амволи ғайриманқул ва дороиҳои молиявии ширкату корхонаҳои бахши хусусӣ, дар маҷмӯъ, қариб 400 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ҳол он ки дар замони пеш аз истиқлолият ҳатто мафҳуми «бахши хусусӣ» вуҷуд надошт;

– агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли 2021 ба 10 миллиард сомонӣ расидааст, яъне 109 баробар афзоиш ёфтааст.

– дар замони истиқлолият як миллиону 400 ҳазор оила соҳиби замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ гардидааст.

Тавре борҳо таъкид карда будам, мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.

Аз ҷумла дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.

Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.

Ҳамчунин, ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад.

Таъкид месозам, ки ин воқеият ва талаботи замони муосир мебошад.

Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

– аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.

– аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.

Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд.

Илова ба ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Танҳо аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.

Ҳамчунин, дар марҳалаҳои кунунӣ ва минбаъдаи рушди кишвар идома бахшидани ислоҳот ҷиҳати мукаммал гардонидани низоми идораи давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии он зарур мебошад.

Дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид.

Рушди иқтисодӣ дар ин давра аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23 фоиз ва гардиши савдо 13 фоиз таъмин карда шуд.

Соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум 15 фоиз афзоиш ёфт ва ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Вале дар кишвар захираву имкониятҳо барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум ҳанӯз хеле зиёданд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар соли 2022 барои самаранок истифода намудани имконияту иқтидорҳои мавҷуда, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мунтазам афзоиш ёфт.

Дар идомаи ин раванд, соли 2022 даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 19,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин, хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ сол ба сол зиёд шуда, соли 2022 ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 43,8 фоиз баробар мегардад.

Бинобар ин, Вазорати молия вазифадор аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ, баланд бардоштани самаранокиву шаффофияти хароҷоти он, беҳтар намудани назорат, мукаммалсозии аудити берунӣ ва идоракунии нерӯи инсонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Илова бар ин, ҷиҳати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, ба таври пурра татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии амалиёти молиявӣ ва васеъ ҷорӣ кардани рақамикунонӣ дар соҳа чораҳои судманд андешад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 расонида шуд.

Сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000-ум 130 баробар афзоиш ёфт.

Ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла дар соли 2021-ум 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.

Рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз низоми бонкӣ вобаста мебошад, вале то ҳанӯз дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣ мемонад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон бо ин, бояд доир ба зиёд кардани шумораи бонкҳо, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо ва баланд бардоштани ҳаҷми сармояи ойинномавии ташкилотҳои қарзӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Ба Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш дода мешавад, ки дар давраи миёнамуҳлат, яъне дар панҷ соли оянда ҷиҳати ҳамасола афзоиш додани ҳаҷми қарзҳо ва дар соли 2026 ба 30 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарздиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо вуҷуди таъсири бемории сироятии КОВИД–19, дар соли 2021 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 6,8 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 ҳаҷми сармоя 42 фоиз ва сармояи мустақими хориҷӣ 39 фоиз зиёд мебошад.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан, сармояи мустақим барои бахшҳои саноати коркард мунтазам чораҷӯӣ намояд.

Зарур аст, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми сармоягузории мустақим нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шавад.

Ҳоло дар мамлакат 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Вале эҳтиёҷоти соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ дар самти бунёди инфрасохтори зарурӣ ҳанӯз ҳам зиёд мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки корҳоро доир ба ҷалби маблағҳои имтиёзнок тақвият бахшида, дар 5 соли оянда ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шавад.

Дар ин раванд, ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин, то охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳозирини гиромӣ!
Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шуд.

Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд.

Зеро захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад.

Аз ин лиҳоз, барои ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад.

Бо ин мақсад, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти марбута барои ҷалби сармояи мустақим чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Илова бар ин, бо дарназардошти фароҳамсозии омилҳои ҳавасмандгардонӣ дар корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта низоми идоракунии корпоративӣ роҳандозӣ ва бо ҷалби бахши хусусӣ фаъолияти самараноки онҳо ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд.

Дар робита ба ин, замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд.

Дар самти рушди соҳаҳои мухталифи саноат зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан, таҷҳизоти каммасрафи барқӣ таъмин гардида, дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро қабул ва татбиқ намояд.

Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Мавҷудияти иқтидорҳои фаровони энергетикии мамлакат аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди соҳаи саноат ба ҳисоб меравад.

Ҳоло барои рушди минбаъдаи соҳа татбиқи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.

Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.

Аз ин лиҳоз, истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт, ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва шамол ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд.

Инчунин, бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Соли 2021 лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм–Нуробод, Ҳулбук–Темурмалик–Кангурт, Данғара–Левакант–Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб–Ванҷи шоҳроҳи Душанбе–Кулма, Қизилқалъа–Бохтари шоҳроҳи Душанбе–Бохтар, Бекобод–Бобоҷон Ғафуров–Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурӯъ шуданд.

Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад.

Дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Танҳо соли 2021 дар кишвар дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 20 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин муддат ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.

Доир ба масъалаҳои соҳа бори дигар таъкид менамоям, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар иншоотро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин намоянд.

Илова бар ин, ҳангоми лоиҳакашӣ зарур аст, ки пеш аз ҳама, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба нақша гирифта, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бунёди ҳатмии биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ карда шавад.

Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати дастгириву пешрафти бахшҳои мухталифи соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд.

Барои рушди соҳа дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Илова бар ин, барои соҳа имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ муқаррар карда шуданд ва дар натиҷа ҳама бахшҳои соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.

Масалан, дар давоми 20 сол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 21 ба 200 расонида шуда, истеҳсоли гӯшти паранда 9 баробар зиёд гардид.

Воридоти гӯшти паранда аз 65 ҳазор тонна ба маблағи 50 миллион доллар дар соли 2014 то 3 ҳазор тонна ба маблағи 9 миллион доллар дар соли 2021 кам гардид, яъне аз рӯи ҳаҷм беш аз 21 баробар коҳиш ёфт.

Инчунин, дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт.

Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шуд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Бар замми ин, бо мақсади дастгирӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, бахусус, хушксолӣ ва обхезӣ, паҳншавии бемории КОВИД–19 дар ду соли охир ва пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо кишоварзони мамлакат дар соли 2021 аз пардохти андоз аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне андози ягона озод карда шуданд.

Иқдоми мазкур боиси 6 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли қаблӣ гардид.

Дар натиҷа фаровонии бозори истеъмолии кишвар бо молу маҳсулоти асосии ниёзи мардум таъмин карда шуд.

То замони истиқлолият талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва картошка асосан аз ҳисоби воридот таъмин мегардид.

Агар соли 1991 ба Тоҷикистон 150 ҳазор тонна гӯшти чорво ва 325 ҳазор тонна картошка бо мақсади истеъмолӣ ворид шуда бошад, пас ҳоло бо ин мақсад ба кишвар гӯшти чорво ва картошка умуман ворид намешавад;

– ҳамзамон бо ин, соли 2021 беш аз 200 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 70 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар робита ба ин як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам.

Ҳамаи мо хуб мушоҳида мекунем, ки солҳои охир ва хусусан, ду соли охир дар кишвари мо ва бисёр мамлакатҳои дунё хушксолӣ ва камборишӣ идома дорад.

Тибқи маълумоти расонаҳо ва Созмони Милали Муттаҳид имрӯзҳо дар даҳҳо кишвари сайёра гуруснагӣ идома дорад.

Дар чунин шароит мо бояд ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, пеш аз ҳама замин ва об, мунтазам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва дар баробари ин, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ ниҳоят ҷиддӣ муносибат кунем.

Ҳамзамон бо ин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки стратегияву барномаҳои соҳавиро пурра татбиқ намуда, доир ба рушди тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркард ва хӯрокворӣ, инчунин, тақвияти иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Ҳамватанони азиз!
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.
Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.

Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.

Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад.

Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар сӣ соли гузашта тамоми чораҳои заруриро андешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад.

Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои таҳқиқотиро вусъат диҳанд.

Инчунин, таҳияи усулҳои пешгӯии хавфҳои эҳтимолӣ ва таъсири манфии омилҳои гуногун ба иқтисоди миллӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, пешрафти «энергияи сабз» ва «иқтисоди сабз» ва дар робита ба ин, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи манбаъҳои алтернативӣ, ихтироъкориву навоварӣ, коркарду татбиқи технологияҳои нави каммасраф ва роҳу усулҳои аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол кардани доруворӣ ва нуриҳои маъданӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар мебошад.

Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд.

Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд.

Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.

Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.

Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Хотирнишон месозам, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

Тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.

Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад.

Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон–Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500– солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд.

Панҷ рӯз пеш аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Яъне «Фалак» мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.

Моҳи октябри соли ҷорӣ аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид.

Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ мегардад.

Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард.

Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт.

Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад.
Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст.

Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд.

Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.

Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор аст, ки барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорон дар самти таъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳоло муассисаҳои тиббии кишвар бо табибон 84 фоиз ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 96 фоиз таъмин мебошанд.

Дар панҷ соли минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои тиб 13 770 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 47 880 нафар хатм мекунанд.

Аз ин рӯ, сохтору мақомоти марбута вазифадоранд, ки камбудии мавҷударо доир ба норасоии кадрҳо дар ду сол бартараф намоянд.

Таъкид месозам, ки барои ҳалли ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 ва фавти одамон идома дорад.

Бинобар ин, ба мардуми кишвар муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони мамлакат бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд.
Баръакс, бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд.

Онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ҳатман зери назорати табибон қарор дода шаванд.

Чунин шахсон бояд фикри аъзои оила, хешовандон ва ҷомеаро кунанд.

То имрӯз 60 фоизи аҳолӣ эм карда шудааст ва зарур аст, ки раванди эмгузаронӣ боз ҳам вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.

Ҳозирини муҳтарам!
Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.

Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.

Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.

Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.

Тайи солҳои 2011–2020-ум дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш сохта шудааст.

Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад.

Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.

Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд.

Таъкид менамоям, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем.
Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.

Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.

Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад.

Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.

Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.

Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.

Мо насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем.

Ҳамватанони гиромӣ!
Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.

Бо ин мақсад Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.

Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.

Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991 – 1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем.

Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд.

Дар ин раванд, мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд.

Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳозирини арҷманд!
Мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Дар ин росто, метавон тазаккур дод, ки имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Дар сиёсати хориҷӣ мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ – Федератсияи Россия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар минтақаҳои олам ҳамеша аҳаммияти хосса медиҳем.

Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад.

Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.

Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.

Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.

Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст.

Ҳозирини гиромӣ!
Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд.

Чунонки мушоҳида мекунем, вазъият дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ мемонад.

Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд.

Бори дигар такрор мекунам, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад.

Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Бинобар ин, мо, ки чунин таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем.

Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем.

Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад.

Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад.

Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд.

Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад.

Имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад.

Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ медонем.

Дар ин раванд, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд.

Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ имкониятҳои васеи логистикии худро дар ин ҷода пешниҳод кардааст.

Ҳоло шаш пули дар замони соҳибистиқлолӣ дар сарҳадоти ду кишвар бунёдгардида барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон фаъолият карда истодааст.

Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар иброз медорам, ки вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад.

Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.

Яъне тамоми мушкилоте, ки дар минтақаи зикршудаи марзӣ ба вуҷуд меояд, аз ҷумла қочоқи рӯз ба рӯз афзояндаи маводи мухаддир мустақиман ва қабл аз ҳама, ба дӯши Тоҷикистон қарор мегирад.

Бинобар ин, мо ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошем.

Ман ин суханҳоро дар асоси таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми Тоҷикистон мегӯям.

Агар Афғонистон дар он айём орому босубот мебуд, гурӯҳҳои экстремистиву террористии аз ҷумлаи шаҳрвандони мо бо кумаку дастгирии кишварҳои манфиатдор ташкилгардида наметавонистанд қаламрави онро ҳамчун пойгоҳи аъмоли хунини худ бар зидди Тоҷикистон истифода намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ҳамватанони азиз!
Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Дар ин давра маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат мо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем.

Мо барои ояндаи неки мардумамон, ба хотири тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамон, ободии Ватанамон ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон пойдевори мустаҳкам гузоштем.

Нақшаҳои созандаи мо дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ ва барномаҳои муҳим тарҳрезӣ гардидаанд.

Мо то имрӯз дар ҷодаи амалӣ намудани онҳо хеле корҳоро анҷом додем.

Бовар дорам, ки вакилони парламент, аъзои Ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ ва умуман мардуми шарифи кишвар тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар месозанд.

Ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар муддати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро барои истиқболи сазовори 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва солҳои рушди саноат таҳия карда, ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Роҳбари давлат пешниҳод намоянд.

Мо бояд дар панҷ соли оянда тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба хотири рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сафарбар намоем.

Ҳамватанони азизи мо хуб мушоҳида мекунанд, ки бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд.

Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо.

Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд.

Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем.

Таъкид месозам, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад.

Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Ба ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзумандам!


Возврат к списку