Кӯмак ба ниёзмандон ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо муваффақият амалӣ шуда истодааст.
Дар пайравӣ ба ин иқдомҳои хайрхоҳона ва инсонпарваронаи Сарвари давлат 25 декабри соли 2021 ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун сарпараст ба Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” кӯмаки навбатӣ расонида, аз шароити будубоши бошандагони ин муассиса дидан намуд.
Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 244 нафар бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” либосҳои гарми зимистона, дастархони идона ва бо назардошти парасторон ва табибони ин муассиса 300 адад туҳфаҳои солинавӣ таҳия ва дастрас карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки қишрҳои осебпазири ҷомеа таҳти ғамхории бевосита ва ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгирии онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат, новобаста аз иду айём, ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.
Шуъбаи матбуот