Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021, таҳти №198 дар асосиҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Интер аудит правда” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаиматбуот