Санаи 30 декабри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (Раиси Комиссия), муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода ва бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Комиссия оғоз намуда, тибқи рӯзнома аз ҷониби роҳбарияти Департамент вобаста ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии Комиссия маълумот пешниҳод карда шуд.
Сипас аз ҷониби намояндаи Департамент маълумот оид ба Лоиҳаи Низомномаи Шӯрои комплаенс пешниҳод гардид. Бо назардошти мувофиқаи он бо вазорату идораҳо, дар рафти ҷаласаи мазкур Низомнома тасдиқ карда шуд.
Инчунин, аз ҷониби директори Департамент маълумот вобаста ба "Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" (БХМ ҚД/МТ)-и навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Қайд карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани БХМ ҚД/МТ ва бо мақсади ба инобат гирифтани ҳамагуна хавфҳои ҷойдошта ва эҳтимолӣ зарурати ҷамъоварии маълумотҳои дақиқи оморӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар дар ин самт дида мешавад.
Бинобар ин, аз ҷониби Раиси Комиссия ба мақомоти кишвар дастур дода шуд, ки ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии хавфи миллӣ дастрасии саривақтии маълумотҳои дархостшуда таъмин карда шуда, ба масъалаҳои ҷойдоштаи он диққати махсус дода шавад. Инчунин, дар вохӯриҳо бо коршиносон иштироки шахсони мутасаддӣ ва дорои маълумоти кофӣ таъмин карда шавад.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои ҷойдошта табодули маълумот байни мақомоти масъул ба шумор рафта, пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубодилаи иттилоот байни Департамент ва мақомоти дахлдор ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар интиҳо, аз ҷониби Раиси Комиссия супориш дода шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссия дар нимсолаи аввали соли 2022 баргузор ва дар он иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО” муҳокима карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, таҳти №443 таъсис дода шудааст.