Бойгонии ахбор
18.01.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
бозраси пешбари шуъбаи назорати бонкӣ – (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ;
  • доштани қобилияти хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
  • доштани малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • доштани малакаи кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point);
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ  – афзалият дорад);
  • доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 2 сол;
  • дар ҳайати коллектив кор карда тавонистан;
  • доштани имконият барои сафарҳои хизматӣ ба шаҳру навоҳии дохили кишвар;
  • донистани тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ;
  • муайян карда тавонистани хавфҳои соҳавӣ ва равандҳои осебпазир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
• ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
• Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
• ш.Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 168, Шуъбаи кормандон ва умури ҳуқуқӣ
• Барои маълумот – тел: +99299 (44) 630-06-39
• Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 31.01. 2022


Возврат к списку