Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
20.01.2022

Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон

17 январи соли 2022 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дар доираи вохӯрӣ-семинари амалӣ барои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯнаморо таҳти унвони “Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” манзур намуд.

NBTL0386.JPG

Вохӯриро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, ба Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Камолович ҷиҳати доир намудани рӯнамо дар доираи вохӯрӣ-семинари илмӣ бо иштироки ҳайати профессорон, устодон, унвонҷӯён ва донишҷӯён бо такя ба назария ва амалияи низоми бонкӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, миннатдорӣ баён кард.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Камолович дар навбати худ аз иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ҳадафаш афзун гардонидани сатҳи малакаву дониш ва тафаккури молиявию иқтисодӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон бо истифода аз амалия ва назарияи муосир мебошад, арзи сипос намуд.

NBTL0557.JPG

“Имрӯз тасмим гирифтам мавзуи “Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ”-ро дар шакли рӯнамо манзури Шумо гардонам ва итминони комил дорам, ки дар шароити молиявию иқтисодии муосир чунин вохӯриҳо воқеан барои васеъ гардидани доираи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва донишу маърифати илмии донишҷӯёну ҷавонони мо мусоидат хоҳанд кард”, - изҳор намуд Нуралиев Ҷамолиддин.

Дар оғоз Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин ҳозиринро бо қисматҳои асосии рӯнамо, ки аз татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, ислоҳотҳои институтсионалии Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2021, тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои бо пандемияи Соvid-19 алоқаманд, идомаи сиёсати пешгирифта шинос намуд. Рӯнамои мазкур аз 74 слайд иборат буда, дар ҳар як слайди он 160 нишондиҳандаи гуногун дар 11 соли охир бо назардошти таҳлилҳо ва диаграммаҳо инъикос ёфтааст.

NBTL0409.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин зимни рӯнамо аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва тамоюли тағйирёбии онҳо дар ёздаҳ соли охир (солҳои 2011-2021) маълумот манзур намуд. Дар самти татбиқи сиёсати монетарӣ бошад, роҷеъ ба раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум баҳри таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум, ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои фундаменталии макроиқтисодӣ барои коҳиш додани номуайянӣ ва интизориҳои манфии аҳолӣ, зиёд гаштани эътимод ба пули миллӣ, тақсимоти босамари захираҳо, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, ки дар маҷмуъ дар рушди воқеии иқтисодиёт ва сатҳи некӯаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад, ибрози ақида намуд. Аз ҷумла, Ҷамолиддин Камолович тазаккур дод, ки аз соли 2015 то ин ҷониб баҳри гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таҳияи стратегияи сиёсати монетарӣ барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025, ҳамоҳангии самаранок миёни аҳолӣ тавассути гузаронидани пурсиши интизории аҳолӣ оид ба таваррум, ҷорӣ ва самаранок намудани фишангҳои нави монетарӣ баҳри идоракунии пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ва фаъолгардонии амалиётҳо дар бозори озод, беҳтар гардидани иқтидори таҳлил ва дурнамосозӣ (тавассути моделҳои эмперикӣ), гузариш ба стандартҳо ва методологияҳои нави омори байналмилалӣ, ҷорӣ намудани платформаи мутамаркази автоматии шаффофи электронии савдо, таъсирбахшии меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум, таъмини шаффофият дар амалиётҳои монетарӣ ва дигар ислоҳотҳои таъсирбахш роҳандозӣ карда шуд. Дар натиҷаи ислоҳотҳои самараноки таъсирбахш сатҳи таваррум дар доираи ҳадафи пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, муътадилии қурби пули миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд.

NBTL0503.JPG

Дар идомаи рӯнамо Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он тавассути татбиқи ислоҳоти “гузариш аз миқдор ба сифат”, ки боиси беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ, зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давоми 6 соли охир гардид, шарҳу тавзеҳ дод. Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилотҳои қарзии мушкилотдор (ғайри қобили пардохт) аз низоми бонкӣ, дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад.

Ҳамзамон дар рафти рӯнамо оид ба тамоюли меъёри фоизи қарзҳо ва пасандозҳо, шуруъ аз соли 2015 дар таркиби даромади умумӣ ба амал омадани тағйиротҳои сохтории мусбат, зиёд шудани саҳми даромади фоизӣ нисбат ба ғайрифоизӣ дар даромади умумии ташкилотҳои қарзӣ, тақвият ёфтани миёнаравии молиявӣ дар асоси таҳлилҳои овардашуда маълумот дода шуд.

NBTL0842.JPG

Ҷамолиддин Камолович дар рафти пешниҳоди рунамо усулҳои муосири баҳодии тобоварии низоми бонкиро нисбат ба хавфҳо шарҳ дода, тавассути харитаи хавфҳо осебпазирии низоми бонкӣ аз омилҳои беруна дар соли 2016 ва бо дарназардошти солимгардии низоми бонкӣ нишон додани сатҳи баланди истодагарии онҳо нисбат ба таъсири манфии Соvid-19 дар такя ба диаграммаҳо ва таҳлилҳо қайд карда гузашт.

Дар қисмати дигари рӯнамо таваҷҷуҳи ҳозирин ба ислоҳотҳои институтсионалии муҳим, аз ҷумла таъсиси Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо ва Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъорӣ ҷалб карда шуд, ки ин падида дар ҷаҳон ҳамто надошта, бо мақсади таъмини шаффофияти ниҳодӣ, рақобати солим дар бозори дохилии асъор ва рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир равона шудааст.

NBTL0672.JPG

Зимни шарҳи слайдҳо оид ба Маркази миллии протсессингӣ Ҷамолиддин Камолович таъкид дошт, ки бо фаъол шудани Марказ хавфҳои вобаста ба пардохтпазирии низомҳои пардохтӣ пурра аз байн бурда шуда, рақобати солим дар бозори интиқоли маблағҳо таъмин гардид, хавфҳои расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди кишвар ба маротиб коҳиш дода шуд. Ҳамзамон, ин Марказ ба рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ дода, дар давраи фаъолияти он кортҳои пардохтӣ ба андозаи 1,3 млн. адад (дар маҷмуъ 3,5 млн. адад) ва шумораи ҳамёнҳои электронӣ 10 баробар зиёд шуданд, ки ҳамаи ин нишондиҳандаҳоро Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин дар диаграммаҳои алоҳида шарҳу тавзеҳ дод.

NBTL0931.JPG

Дар баробари ин, дар рафти рӯнамо марбут ба стратегияи бартараф кардани буҳрони бозори асъор ва рушди устувори он, гузаронидани ислоҳот дар воҳидҳои сохторие, ки амалиётҳои мубодилаи асъорро анҷом медоданд, механизми гузаронидани музоядаҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон, стратегияи тақсимоти дороиҳо дар идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ ва диверсификатсияи сохтори он, сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии лаппишҳои қурбӣ тавассути механизмҳои мудохилаҳои асъорӣ, таҳлили тағйирёбии қурби пули миллӣ дар натиҷаи тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ ва нархи нафт дар ҷаҳон ва амсоли инҳо дар асоси таҳлилҳои 11 соли охир маълумоти муфассал манзур гардонида шуд.

NBTL0759.JPG

Бояд тазаккур дод, ки рӯнамо аз ҷониби Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо се забон - давлатӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шуда, дар рафти рӯнамо ҳамчунин муколама ва муҳокимаронии мусоид оид ба мавзуъҳои рӯнамо барои донишҷӯён муҳайё карда шуд. Аз тарафи иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои дар рӯнамо зикршуда саволҳои гуногун ба миён омаданд ва аз ҷониби муаррификунанда посухҳои мушаххас пешниҳод гардид. Дар баробари ин, зимни муҳокимаронӣ иштирокдорон оид ба масъалаҳои маблағҳои берун аз низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, бозори дохилии асъор, сатҳи таваррум, таъсири Соvid-19 ба низоми бонкӣ, рушди зеҳни сунъӣ, меъёрҳои мақбул ва нақшаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2022 пурсон шуданд, ки ҳар яки онҳо ба суолҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии рӯнамо Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович оид ба идомаи сиёсати Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ бо татбиқи реҷаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум, идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ, татбиқи сиёсати самараноки қурби асъор бо реҷаи нисбатан озод шинокунанда, фарогирии молиявӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, таъмини устувории низоми бонкӣ ва таҳкими эътимод ба низоми бонкӣ махсусан таъкид намуд.

NBTL1001.JPG

Кори вохӯрӣ-семинари амалиро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон ҷамъбаст намуда, ба Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин изҳори миннатдорӣ намуд. “Бешубҳа рӯнамои имрӯза бо мазмуну муҳтаво ва тарзу шеваи пешниҳод ба куллӣ фарқкунанда буда, барои такомули тафаккури муосири иқтисодии ҷавонон муфиду судманд мебошад. Доираи васеи масъалаҳои гуногуни иқтисодию бонкиро фаро гирифтани рӯнамо ва бо касбияти баланд ташреҳу тавзеҳ дода шудани онҳо аз ҷониби муаррификунанда аз иқдоми саҳмгузорӣ дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди рушди иқтисодиёти кишвар шаҳодат медиҳад”, - изҳор намуд ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон. Бинобар бо шавқи баланд ва муҳокимаронии зиёд таваҷҷуҳ кардани ҷавонон ба рӯнамои мазкур, аз ҷониби ректори Донишгоҳ пешниҳод шуд, ки бо иштироки мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон барои донишҷӯёни факултетҳои иқтисодию молиявӣ мунтазам машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор карда шавад.

Дар фарҷом Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз донишҷӯёни Донишгоҳ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз манбаъҳои захиравии Донишгоҳ, устодони ботаҷриба, шароити муосири фароҳамшуда ва фазои сулҳу субот дар кишвар, донишу малакаи худро бо такя ба таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ такмил дода, оянда дар рушди иқтисодиёти давлат саҳмгузор бошанд. “Рӯнамои имрӯза агар заррае ҳам ба афзун гардидани сатҳи донишу малака ва барои вусъат ёфтани ҷаҳонбинию тафаккури иқтисодии шумо сабаб шавад, боиси қаноатмандиву хушнудии ман хоҳад шуд”, - гуфт Нуралиев Ҷамолиддин Камолович.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку