Дар ҷаласаи васеи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки 7 январи соли 2022 баргузор гардид, натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкии мамлакат дар соли 2021 мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи иштирокдорон қарор гирифта, нақшаҳо барои соли 2022 муайян гардиданд. Ҷаласаи ҷамъбастӣ бо роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода Ҳикматулло, ҳузури муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев Камолович, муовинони Раис Фирдавс Толибзода, Моҳбону Накҳатзода, Мирҳаёт Ёқубзода ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар баргузор гашт.
Ҷаласаи ҷамъбастиро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои мавриди амали ҷумҳурӣ ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, таҳкими низоми бонкӣ, мусоидат намудан ба таъмини суботи молиявӣ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва пешгирии пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус (COVID-19) ба иқтисодиёт ва низоми молиявии кишвар, инчунин ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.
“Натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ буд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) дар соли 2021, ки то ба 99,0 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба беш аз 9,2 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум бошад, дар соли 2021 8,0 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020 ба андозаи 1,4 банди фоизӣ паст гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар қаламрави кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1852 расонида шуда, ҳаҷми пасандозҳо ба 10 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба 13,7 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки 37 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ ва боқимондаи он ба соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, хизматрасонӣ, сохтмон ва ғайра равона гардиданд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои иқтисодии кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома хоҳад дод”, - изҳор дошт Ҳ.Холиқзода.
Дар идома оид ба вазъи низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли 2021 муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо рӯнамоии муфассал баромад намуд. Мавсуф диққати роҳбарони бонкҳо, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва Бюроҳои таърихи қарзро ба чанд мавзӯъ, аз ҷумла вазъи низоми бонкӣ ва низоми пардохт дар соли 2021, хавфҳо ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа, инчунин чораҳои дар ин самт андешидашуда ҷалб намуд.
Дар баробари ин, роҳбарони сохторҳои масъул оид ба самтҳои алоҳида, аз ҷумла татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, устувории суботи молиявӣ, вазъи низомҳои иттилоотӣ, татбиқи самараноки низоми пардохт, муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ рунамоии худро манзури аҳли нишаст гардониданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа аҳли нишаст оид ба дастовардҳои низоми бонкӣ дар самти кам шудани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, зиёд шудани меъёри пардохтпазирии ҷорӣ, ҳиссаи амонатҳо бо асъори хориҷӣ, меъёри кифоятии сармояи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ ва миқдори марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд ва амсоли он фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ба сухан баромада, оид ба вазъи низоми бонкӣ ибрози назар карда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти босамар ва босуботи низоми бонкӣ таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуд.
Дар фаровард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз низоми бонкӣ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва паст кардани фоизи қарзҳо, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, дуруст ба роҳ мондани низоми идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, низоми назорати дохилӣ, комплаенс ва низоми идоракунии хавфҳо, махсусан хавфҳои амалиётӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ диққати асосӣ дода, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро саривақт ва босифат таъмин намоянд ва дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ нақши босазо гузоранд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа бо вазифагузорӣ ба низоми бонкӣ дар соли 2022 аз роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нави муосир ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбанд, тадбирҳои амалӣ андешанд.
Шуъбаи матбуот