Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2022, таҳти №5 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КРОУ ХОРВАТ - ЭЙСИҶИ”, барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдор ворид намояд.