Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ФҚХ “Истиқлол”-ро ҷиҳати бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрии ФҚХ “Истиқлол” қонеъ намуд.
Тибқи қарори мазкур Иҷозатномаи ФҚХ “Истиқлол” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 14 ноябри соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2012, №279 дода шудааст, бозхонд карда шуда, аз эътибор соқит дониста мешавад.
Мақомоти ваколатдори ФҚХ “Истиқлол” вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳиро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.
Шуъбаи матбуот