Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2022, таҳти №20, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” ба муҳлати 5 (панҷ) сол тамдид карда шуд.
Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.
Шуъбаи матбуот