Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея

Бойгонии ахбор
05.03.2022

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея

4 марти соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея ҷаноби Пак Чон Су, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот анҷом дод. Ҷаноби Пак Чон Суро дар вохӯрии мазкур Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок, муовини раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодӣ ҷаноби Ким Бо Кйон, мутахассиси Кумита ҷаноби Ким До Вон ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.

NBTL6505-1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҳайати меҳмононро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва бо раванди мунтазами барқарор шудани фаъолнокии иқтисодиёт баъди пандемияи COVID-19 дар кишвар шинос намуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои рушди муносибатҳои устувори иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз қабили таъмини устувории суботи молиявӣ, рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо ва тақвият бахшидан ба низоми комплаенс, барпо кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистонро дар бонкҳои Ҷумҳурии Корея муҳим арзёбӣ намуд.

NBTL6513-2.JPG

Раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея ҷаноби Пак Чон Су дар баробари муаррифии аъзои ҳайъат, инчунин дар бораи Кумита, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Корея таъсис ёфтааст ва мақсади он, ки рушди муносибатҳо ва ҳамоҳанг кардани масъалаҳои муҳими иқтисодӣ мебошад, маълумоти мушаххас дод.

Ҷаноби Пак Чон Су изҳор дошт, ки намои имрӯзаи Тоҷикистон ва бунёд гардидани иншоотҳои наву замонавӣ аз пешрафти имрӯзаи Тоҷикистон дарак медиҳанд. Ҷаноби Пак Чон Су бо изҳори хушнудӣ ҳамакнун кушода шудани Сафорати Ҷумҳурии Кореяро дар Тоҷикистон истиқбол карда, фароҳам омадани шароити мусоид барои рушди ҳамкориҳои судманд ва тақвият бахшидани ҳамкории бонкҳои марказии ҳарду кишвар ва дар маҷмӯъ низоми бонкиро дар сатҳи сифатан нав арз дошт.

NBTL6469-3.JPG

Раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодӣ Ҷаноби Пак Чон Су ҳамзамон диққати ҳозиринро ба як қатор барномаҳои муфид барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Корея ба ҳайси як давлати донорӣ ва рушдёфта муҳайё мешавад, ҷалб намуд. Зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Корея барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ Барномаи кӯмаки расмии Корея барои рушд (ODA) ва Қарзҳои имтиёзноки Фонди рушди ҳамкориҳои иқтисодии Корея (EDCF) татбиқ менамояд, ки ба ин кишварҳо барои гирифтани грантҳо ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнок имкон фароҳам меоварад. Мавсуф изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи барномаи ODA дар солҳои 2021-2025 дар қатори кишварҳои аввалиндараҷа (афзалиятдор) дониста шудааст, ки ин имкони мусоид аст барои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои низоми бонкӣ ва молия.

NBTL6467-4.JPG

Зимни мулоқот номбурда инчунин аз тақвият додани ҳамкории судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоративу иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ, рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо ва тақвият бахшидани низоми комплаенс, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, барпо кардани муносибатҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии ду кишвар изҳори омодагӣ намуда, аз пайгирӣ намудани масъалаҳои дар мулоқоти имрӯза матраҳшуда дар баробари бозгашт ҳозиринро изҳори боварӣ кунонид.

Ҳамзамон, дар мулоқот ҷонибҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳумро, ки барои табодули таҷриба миёни Департаменти мониторинги молиявӣ ва Хадамоти иктишофии молиявии Ҷумҳурии Корея дар назар аст, мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар охир Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ҳайати Ҷумҳурии Корея аз таваҷҷуҳ нисбати низоми бонкии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, кӯмаки техникии аз ҷониби Бонки марказии Корея аз соли 2018 инҷониб татбиқшавандаро кафили ҳамкориҳои шарикии самарабахш ва боэътимоди ҷонибҳо хонд. Зикр гардид, ки дар доираи кӯмаки мазкур 31 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои аудити дохилӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, суботи молиявӣ ва низоми пардохт малакаи тахассусии худро баланд бардоштанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея ҷаноби Пак Чон Су бо мақсади пайгирии тавофуқоти ҳосилшуда зимни сафарҳои Раиси Маҷлиси миллии Корея ва вазири корҳои хориҷии он ба Тоҷикистон дар соли 2021, аз 2 то 5 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои калидӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои шарикӣ мулоқот баргузор менамоянд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку