5 марти соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар бо иштироки роҳбарият ва аҳли кормандон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Ҷамъомади идонаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ҳусни оғоз бахшида, модарон ва бонувонро бо фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи фархундаи Модар, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ҷашни расмӣ эълон шудааст, самимона муборакбод гуфта, бо чунин суханон баромад намуд:
“Модар рамзи бақову сарсабзии зиндагист ва дар айёми баҳори сарсабз ва остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз мутобиқ омадани ҷашни Рӯзи Модар ҳам аз ин алоқамандӣ дарак медиҳад.
Маҳз мақоми баланди модар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва рафтори неку пур аз муҳаббати ӯ сабаб гардид, ки инсоният дар ҳама давру замон модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дорад ва азиз шуморад.
Аз худ гузаштанҳо баҳри фарзандон ва тарбияи хислатҳои неки инсонӣ дар замири онҳо боиси он мегардад, ки ҳар як фарди тарбиятдида тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд дониста, ӯро дӯст медорад ва то лаҳзаҳои охирини ҳаёт қадршиносӣ менамояд.
Зан – модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, нахустин мураббию муаллими фарзанд, азизтарин шахсияти рӯйи замин аст ва сазовори ихлосу эҳтиром ва ғамхории доимӣ мебошад.
Мо ҳама аз модар ба дунё омадаем, модар қиблаи умеду орзуҳои мост ва дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ низ ҳамеша рӯйи ниёз ба сӯйи модар ва дасти дуои модар дорем.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд шудани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо шароити мусоид муҳайё намуд. Ҳамчунин боиси хурсандист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханронии худ ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Ба андешаи Пешвои миллат “Занону модарони тоҷик бо рӯҳи озод, иродаи қавӣ, афкори наҷибу ахлоқи ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоён дар ҳама давру замон бори ҳастии миллатро кашидаанд.”
Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бахше нест, ки дар он занон-модарон фаъолият надошта бошанд.
Бовар дорем, ки занону модарони мо ҳамеша бо дарки баланди масъулият дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо азму иродаи қавӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 21 декабри соли 2021 ироа гардид, изҳор намуданд, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Зимни Паёми навбатӣ дар робита ба бузург доштани зан – модар ҳам Пешвои миллат таъкид фармуданд, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
Дар Паём таъкид гардид, ки нақши занону бонувон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ бузург арзёбӣ мегардад. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ фаъолияти софдилонаву содиқона доранд.
Ин нуктаро ҳам бояд таъкид кард, ки меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо пайваста қадршиносӣ карда мешавад. Умедворем, ки занону модарони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешрафти низоми бонкии мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории кормандон аз ҳисоби бонувони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Боварии комил дорем, ки минбаъд низ бонувони сарбаланди мо дар пешрафти низоми бонкии мамлакат саҳмгузор хоҳанд буд ва бо меҳнату заҳмати фидокоронаву садоқатмандонаи худ дар пешрафти Тоҷикистони нави озоду демократӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт”.
Сипас, як қатор кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода, аъзои фаъоли созмони ҷавонон Фаромӯз Раҳмонзода низ, дар навбати худ занону модаронро бо Рӯзи Модар таҳният гуфта, ба аҳли хонаводаашон бахту саодат, ободию осудагӣ ва хушҳолию хушрӯзӣ орзу намуданд.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар ҳамаи бонувони Бонки миллии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбияву ба воя расонидани фарзанд, ба онҳо омӯзонидани лафзи модарӣ, парвариши эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Шуъбаи матбуот