Тафсири сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи 9 марти соли 2022

Бойгонии ахбор
10.03.2022

Тафсири сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи 9 марти соли 2022

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти кишвар, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ пайваста чораҳои заруриро андешида истодааст.

Мутобиқи “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат” дар давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфта татбиқ гардида истодааст. Тибқи реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, БМТ дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб, ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд.

Вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор бо лапишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ дучор гардида, чунин ҳолат дар аксари кишварҳои шарикони асосии савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба назар мерасад.

Аз аввали соли 2022 қурби расмии доллари ИМА нисбат ба пули миллӣ дар сатҳи 11,30 сомонӣ боқӣ монда, аз санаи 8.03.2022 фарқият байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ то ба 15,9 фоиз мушоҳида гардид.

Сабабҳои асосии зиёд шудани фарқият байни қурби расмии доллари ИМА нисабти пули миллӣ ва фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ, ин зиёд шудани талабот ба доллари ИМА, коҳиш ёфтани пешниҳоди асъор дар бозори байнибонкӣ, зиёд гардидани талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия, коҳиш ёфтани вуруди интиқолҳои пулӣ ва боқӣ мондани тавозуни манфии савдои кишвар ва дигар омилҳо мебошанд.

БМТ бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, пешгирӣ намудани лапишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ ва фарқияти зиёд байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро дар санаи 9 марти соли 2022 анҷом дод.

Ҳамзамон, дар баробари анҷомдиҳии тасҳеҳи қурбӣ БМТ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади қонеъ намудани талаботи норасоии асъор дар бозори байнибонкӣ мудохилаи (интервенсия) асъориро анҷом диҳад. Дар раванди анҷомдиҳии мудохилаи асъорӣ афзалияти аввалиндараҷа, ба дархости воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия дода шуда, зина ба зина дархостҳои субъектҳои дигари хоҷагидорӣ низ қонеъ гардонида мешаванд.

Фишангҳои самараноки сиёсати қурбии БМТ, аз ҷумла тасҳеҳи (коррексия) қурбӣ ва мудохилаи (интервенсия) асъорӣ имкон медиҳад, ки норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор бартараф карда шуда, ба воситаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия қонеъ гардонида шуда, воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар таъмин шуда, манфиати интиқолгирандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гардида, фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрирасмӣ маҳдуд карда шавад.

БМТ вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва танзим қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд.


Возврат к списку