16 марти соли 2022 зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои низоми бонкии ду кишвар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода нахуст ба Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон барои ҳамкориҳои пурсамар ва дастгирии доимӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори минатдорӣ карда, ҳозиринро мухтасар бо вазъи макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ шинос намуд. Зикр карда шуд, ки баъди давраи COVID-19 барқароршавии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ хуб буда, рушди воқеии иқтисодиёт дар ҷамъбасти соли 2021 таъмин гардид ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ фаъолияти худро бо фоида ҷамъбаст намуда, иҷрои меъёрҳои асосии мақбулро таъмин карданд.
Ҳоким Холиқзода зимни мулоқот инчунин, ҳавасмандии худро ба густариши муносибатҳои низоми бонкӣ бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла ба масъалаи барпо кардани муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии ду кишвар, кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои Ҳиндустон, тавсеаи ҳамкории мутақобили низомҳои пардохтӣ, имконияти таъсис додани намояндагиҳои бонкҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон изҳор дошт.
“Бо назардошти низоми бонкии рушдёфтаи Ҷумҳурии Ҳиндустон ва амалияи пешрафта вусъат додани муносибатҳои боэътимод бо бонкҳои Ҳиндустонро ба манфиати кор медонем”, - изҳор намуд Холиқзода Ҳ.
Дар навбати худ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх аз имкониятҳои низоми бонкии Ҳиндустон, марказҳои муосири протсессингӣ, ки ба тамоми кишварҳои мутараққӣ баромад доранд, инчунин коргоҳи чопи пул ва ғайра маълумот дод. “Барои рушди бемайлони ҳамкориҳо миёни низоми бонкии Ҳиндустону Тоҷикистон зарурати баргузории видеоконференсияи муштарак барои муҳокимаи масъалаҳои зикршуда зарур ва ба манфиат хоҳад буд”,- зикр кард ҷаноби Вираҷ Сингх.
Дар охири мулоқот сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ изҳори омодагӣ кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардида, ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд омодагии хешро иброз доштанд.
Шуъбаи матбуот