14.04.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН эълон менамояд:
Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
I
мутахассиси дараҷаи II шуъбаи таҳлили макроиқтисодӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
- Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
- Таҷрибаи корӣ дар самти таҳлилҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла бозори сармоя ва низоми бонкӣ афзалият дорад;
- Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамо дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ, инчунин маҳорати баланди ибрози андеша тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ;
- Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- Маҳорати баланди кор дар компютер, донистани ҳатмии Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
- Маҳорати омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, ҳисобот маърузанависӣ ва ғ. (дар Ms Office ва MacOS);
- Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;.
- Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
II
мутахассиси пешбари шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкдорӣ;
- Доштани дониши хуб дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
- Доштани дониши базавии эконометрикӣ афзалият дорад;
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дорад;
- Доштани қобилияти кофии таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати тайёр ва пешниҳод намудани рӯнамову маъруза дар таҳия ва омода намудани мавзуҳои таҳлилӣ;
- Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- Малакаи касбии кор бо компиютер, донистани Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани барномаҳои MATLAB ва Eviews афзалият дорад;
- Маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ. (дар Ms Office ва MacOS);
- Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;.
- Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
III
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олӣ дар самти иқтисодиёт, молия ва бонкдорӣ;
- Сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ, афзалият дорад;
- Доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
- Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- Маҳорати баланди кор дар компиютер, донистани Ms Office (Excel, Word ва Power Point) ҳатмӣ ва донистани барномаҳои MATLAB ва Eviews афзалият дорад;
- Маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ. (дар Ms Office ва MacOS);
- Доштани унвони илмҳои иқтисодӣ афзалият дорад;
- Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
IV
мутахассиси дараҷаи II шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ва ё бонкдорӣ;
- Доштани дониши хуб дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт),
- бахши молиявӣ-бонкӣ ва риёзиёт;
- Доштани қобилияти хуби таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
- Пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи хуб;
- Малакаи касбии кор бо компиютер, донистани ҳатмии Ms Office (Excel, Word ва Power Point), инчунин донистани барномаҳои MATLAB ва Eviews афзалият дорад;
- Маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ. (дар Ms Office ва MacOS);
- Донистани забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русӣ ҳатмист.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 3 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 26.04. 2022