Дар бораи ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Иншуренс”

Бойгонии ахбор
06.05.2022

Дар бораи ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Иншуренс”

Бинобар тағйир ёфтани ном ва маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2022, №50 ба ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Иншуренс” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 19 ноябри соли 2025 ва барои амалӣ намудани фаъолияти азнавсуғуртакунӣ ба муҳлати то 21 сентябри соли 2026 иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаҳои ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта”, ки бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 06 августи соли 2021, таҳти №128 ва 21 сентябри соли 2021, таҳти №140 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ дода шуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку