Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
10.05.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
I
Идораи суботи молиявӣ
мутахассиси дараҷаи 1 шӯъбаи таҳлили суботи молиявӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани унвони илмӣ (master’s in finance or in economics, PhD) – афзалият дорад;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар низоми молиявӣ ва/ё бонкӣ;
  • сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ ва бахши молиявӣ-бонкӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ;
  • доштани иқтидори таҳлилии тавозуни муҳосибавӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар бахши суботи молиявӣ;
  • доштани таҷриба дар истифодаи моделҳои эмпирикӣ ва стресс-тестӣ барои таҳлили нишондиҳандаҳои бахши молиявӣ;
  • дар сатҳи кофӣ доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ);
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (word, exсel, power point, visio) ҳатмист.

II
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳия ва назорати барномаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ- (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ- иқтисодӣ;
  • доштани унвони илмӣ (master’s in finance or in economics, PhD) – афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
  • қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (word, exсel, power point);
  • доштани маҳорати касбӣ ва қобилияти таҳия намудани ҳисоботҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.

III
мутахассиси шуъбаи таҳия ва назорати барномаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ- иқтисодӣ;
  • доштани унвони илмӣ (master’s in finance or in economics, PhD) – афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (word, exсel, power point) - ҳатмист;
  • доштани маҳорати касбӣ ва қобилияти таҳия намудани ҳисоботҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад).

IY
Шуъбаи таҳлили хавфҳо
сармутахассиси шуъбаи таҳлили хавфҳо – (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ (хавфҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ);
  • доштани собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот;
  • малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point) - ҳатмӣ;
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад.

Y
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлили хавфҳо – (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит афзалият дорад;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда  мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 3 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 23.05. 2022

Возврат к списку