12 майи соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати соҳибкорону сармоягузорони ҳайати Ҷумҳурии Мисри Араб бо роҳбарии ҷаноби Осама Муҳамед Камол, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот анҷом дод. Ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Арабро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ҶДММ “Elshatri” ҳамроҳӣ карданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ташрифи намояндагони ширкати мазкурро рӯйдоди муҳим ва заминаи нави мусоид барои тақвият бахшидани рушди хамкориҳо дар сатҳи нав миёни ҳарду кишвар, ки аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мисри Араб маншаъ мегирад, арзёбӣ намуд. Зикр карда шуд, ки феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.
“Ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мисри Араб дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта ба мақсад мувофиқ мебошад”, - қайд кард Ҳоким Холиқзода.
Ҷаноби Осама Муҳамед Камол дар навбати худ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт. Зикр карда шуд, ки ташрифи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Араб ҷиҳати пайгирии раванди татбиқшавии санадҳои ҳамкории байни соҳибкорони ду кишвар ҳангоми баргузории Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистону Миср (11.03.2022 дар ш.Қоҳира) баимзорасида барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.
Зимни мулоқот махсус масъалаҳои марбут ба кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилотҳои суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни бонкҳои марказии Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни бахши бонкӣ ва баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба миёни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ карда шуд. Қайд карда шуд, ки дар доираи баргузории форуми ҳайати Мисри Араб ва намояндагони Тоҷикистон ба роҳ мондани муносибатҳо ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои бисёрҷониба ба нақша гирифта шудааст.
Шуъбаи матбуот