Бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Такаффул”, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2022, таҳти №67 ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 Иҷозатнома дода шуд.
Тибқи қарори мазкур Иҷозатномаҳои ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул”, ки ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз 07 майи соли 2019, №47 ва 22 сентябри соли 2020, №128 дода шудаанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд.
Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор гардид.
Шуъбаи матбуот