Санаи 17 июни соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои комплаенс таҳти роҳбарии директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Мирзоалиев Ҳалим Саидаҳмадович (роҳбари Шӯро) бо иштироки намояндагони мақомоти танзим ва назорат дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), аз ҷумла вазоратҳои адлия, молия, хадамоти алоқа, инчунин намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавии кишвар баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Роҳбари Шӯро оғоз намуда, маълумоти муфассалро вобаста ба ташкили Шӯрои комплаенс ба иштирокдорон манзур намуд. Дар ин ҷода, оид ба зарурати ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, инчунин доир ба хусусиятҳои идоракунии хавфи мувофиқа (комплаенс) ва риоя намудани талаботҳои вогузоршудаи ин самт маълумот дода шуд.
Сипас тибқи рӯзномаи ҷаласа намояндагони департаменти мониторинги молиявӣ бо рӯнамоҳо оид ба шарҳи Низомномаи Шӯрои Комплаенс, шарҳи роҳнамо “Дар бораи тартиби ошкор ва ирсол намудани маълумот оид ба аҳд ва амалиётҳои шубҳанок” баромад намуданд.
Дар ҷараёни муҳокимарониҳо кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба масъалаҳои дахлдори рӯзномаи ҷаласа фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта, дар баробари ин ҷиҳати беҳтар намудани раванди идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳодҳо низ манзур намуданд.
Қобили қайд аст, ки Шӯрои комплаенс ва низомномаи он тибқи қарори Пайнавишти ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО санаи 30 декабри соли 2021, №18 тасдиқ гардидааст. Шӯрои комплаенс мақоми машваратӣ буда, ҳамчун гурӯҳи корӣ дар назди Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО ҳисоботдиҳанда мебошад.
Департаменти мониторинги молиявӣ