Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2022, №75 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба ҶСП ТАҚХ “Сандуқ” тавассути азнавбарасмиятдарорӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Рушди Ориён” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2014, №250 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурд ва иваз шудани номи он аз эътибор соқит дониста мешавад.
Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифадор гардиданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ